<Ашт>

Навигация

Навигация

Топ пользователей

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Меню сайта

Главная » 2012 » Октябрь » 28 » Иброхим Усмонов, доктори илми таърих,профессор
14:14
Иброхим Усмонов, доктори илми таърих,профессор

Иброхим Усмонов, доктори илми таърих,профессор:
Нохияи Ашт як чузъи чудонашавандаи чумхурии Точикистон – давлати мустакили точикон аст. Точикистон ё аз Ашт шуруъ мешавад ё бо он ба анчом мерасад, лихозо ин нохияи сархадист. Ва чи сархаде – се вилояти Узбакистон-Тошканд, Намангон ва Фаргона. 
Дар шахру дехоти хамсархади Ашт хам асосан точикон ва ё мардуми точикидон зиндаги мекунанд. Онхо бо мо хешу таборанд, душмание нест. 
Вокеъан, то солхои 1929 иддае аз он дехоти Намангону Фаргона дар таркиби нохияи Ашт будаанд. Дар худи Ашт хам асосан ду халк – точикон ва узбакхо зиндаги мекунанд. Онхо якчоя, пахлуи хам чун фарзандони як волидайн хаёт ба сар мебаранд. Ашт аз кадим рохи пайванди хавзаи Фаргонаю Чирчик будааст ва хар касе «Субхи чавонии мо»-и Сотим Улугзодаро ба ёд меорад, дехоти мо низ ба ёдаш мерасад. Хар ки тадкикоти Шишовро дар бораи точикон хондааст, касе, ки аз экспидитсияи забоншиносии Расторгуева огахи дорад, хар ки аз тадкикоти Азимов дар бораи ашулаи точикони водии Фаргона дарс гирифтааст, халки асили точик ва шеваи шевои точикии аштиёнро ба хуби дармеёбад. 
Дехахои ин нохия дар камари чанубу шаркии каторкухи Курама – аз Адрасмон то Камчик вокеъ шуда, рустохои сарсабзу сернуфусанд ва аз кадимулайём макони илму саноат будаанд. 
Бобочон Гафуров аз мугхонахо дар Понгозу Шайдон дар китоби Точикони худ ёдовари кардаанд. Мухаккики ашти – Садриддин Абдурахимов дар тадкикоти илмияш аз конхои кадимие ёд меорад, ки дар масири карнхои яки то милод ва яки милоди истифода мешуданд. 
Мактаби илмиву адабии Пунук машхури води будааст. Охангарони Ашт натанхо дар води Фаргона ва Чирчик шухрат доштанд, балки зиёратгохи Ошоба кадамгохи бузургон будааст ва кони намаки Камишкургон шухрати кадими доштааст. 
Нохияи Ашт дар карни бистум, бахусус, дар нимаи дуввуми он вусъат ёфтааст. Сиёсати давлати Шуравии пешин барои обёрии хазорхо хектор замин имкон дод, ки кисми мардум аз огуши куххо ба води кучида ва мавзеъхои зебоеро чун Чарбулоок, Дусти, Мархамат, Гулшан, Киркуддук ва Бахмал эчод кунанд. Ашт дар пахлуи он ки гандуми пурмагз мепарварид, мевахои шахдбори зардолуву себ, ангуру тут дошт. Сохахои дигари кишоварзиву молдорияшро низ инкишоф дод, аз чумлаи пахтаву пилла ва бузи ангорпашм… 
Аммо ифтихори нохияи Ашт фарзандони баруманди ваянд. Аз Маъдани Понгози (ё Пунгази), ки дар асри нуздах зистааст, то Фархундаи Шайдони, ки хамзамони мост, аштиён дар адабиёти точик хати худро доранд. Номхои санъаткорони бузурги мо Махмуди Вохид – ровии бехамто, ва Фаррух Рузиматов – балерини номвари Театри Санкт – Петербург, ки дар ракс шухрати чахони дорад, барои мардуми мо азиз аст. Кахрамонихои чангу мехнати Туйчи Эрйигитов, Точиддин Имомалиев, Худойкул Назаров, Имомназар Хучаназаров барои мардум дарси ибратанд. 
Нохияи мо ифтихор мекунад, ки дар инкишофи илму фарханги Точикистон ва Осиёи Маркази низ сахми арзандае дорад. Холо такрибан 220 нафар олимону омузгорони мактабхои оли, ки зодагони ин нохияанд, ба рушди илм машгуланд. Дар нохияи Ашт бештар аз сад хазор нафар зиндаги мекунанд ва аз хазор ашти як нафари он олим аст. 
Нохияи Ашт 29 сентябри соли 1926 ташкил ёфтааст. Масоахти умумияш 2790 километри квадрати буда, 20 хочагии давлати, счаххоми, чамоваи ва 73 хочагии дехкони, 67 мактаб, 18 муассисаи томактаби, 5 литсей, 2 омузишгох, 17 дорухона, 8 муассисаи тандурусти, 39 нуктаи тибби, 12 дармонгох, 23 клуб, 29 китобхона ва 6 хонаи маданият дорад.
*********** 
Зодгохи ман бо бештар аз 120 хазор сокин дар минтакаи шимолии Точикистон, дар марзи наздик ба Узбакистон, чой гирифтааст.

Дар зодгохи ман аксаран ба кишти панба ва хочагидори машгул мешаванд. Вале холо бештари мардон дар пайи дарёфти як бурида нони халол Русияро ба унвони «хонаи дуввум»-и худ гузидаанд. Маркази зодгохи ман Шайдон ном дорад, ки баъзехо онро ба исми Шахидон низ ном мебаранд.

Дехаи дигаре, ки афроди номвар ва тавоноро парварда ва ба Точикистон додааст, дехаи Пунгаз аст, ки онро ба шаклхои Пунгоз, Понгоз ва Пангаз ном мебаранд. Ин дехаест, ки Маъдани шоир дар канори он руста ва шеърхои мондагор сурудааст.

Ин дехаест, ки сари сангхои кухистони он Махмуди Вохид гусфанд чаронида ва шеърхои Хайёмро аз бар кардааст…

Зодгохи ман зодгохи родмардон аст. Хам дар гузашта ва хам дар холи хозир. Агар то холо дар як кунчи зодгохи ман касри Афросиёб нигахдори мешавад, дар кунчи дигари он наздикони Нуруллои Хувайдулло, Тохири Абдучаббор, Иброхим Усмон ва аберагони Маъдан зиндагиву кор мекунанд.
Просмотров: 2967 | Добавил: doston | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Профиль

Друзья сайта

Архив записей

Наш опрос

    Оцените мой сайт
    Всего ответов: 4

Мини-чат

Поиск
Поиск
Поиск